Аз моҳи октябри соли 2024 то феврали соли 2025 дар кишвар силсила тренингҳои дурӯза барои мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ гузаронида шуданд. Ин тренингҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён оид ба хатарҳои коррупсионӣ ва пешниҳоди стратегияҳои амалӣ барои пешгирии самараноки онҳо дар кори ҳаррӯзаи худ нигаронида шудаанд. Тренингҳо ба иштирокчиён дониш ва воситаҳои амалии заруриро барои таҳкими системаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, рафъи осебпазирӣ ва таъмини тақсимоти самараноки захираҳо барои дастгирии ниёзмандон пешкаш намуданд.

Барои гузаронидани тренинги дурӯза модуле таҳия карда шуд, ки дар он мавзӯъҳои кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ва муқовимат ба коррупсия инъикос ёфтааст. Дар таҳияи модул коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ин давра дар доираи тренингҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе 201 нафар мутахассисон (аз онҳо – 89 нафар занон) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла кормандоне, ки ба барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҷалб шудаанд, омӯзиш гирифтанд.

Инчунин, моҳи декабри соли 2024 барои кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Институти такмили ихтисоси кормандони системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовини вазир иштирок намуда, дар суханронии ифтитоҳии худ аҳамияти мавзӯи мубориза бо коррупсияро дар соҳаи иҷтимоӣ таъкид намуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир дар Тоҷикистон (UK in Tajikistan) дар доираи барномаи “Идоракунии Самаранок баҳри Рушди Иқтисодӣ” (#EGED), ки аз ҷониби #Acted дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад, баргузор гардид.