Дар шаҳри Душанбе аз 9 то 11 апрели соли 2025 семинар ҷиҳати баргузории маъракаҳои самараноки иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шахсони дорои маъюбият (ШДМ) нисбати имкониятҳои мавҷудаи шуғли аҳолӣ, доир гардид.
25 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳрҳои мақсадноки лоиҳа дар давоми се рӯз чорабиниҳоеро таҳия намуданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба шуғли меҳнатӣ ва дигар имкониятҳои иқтисодӣ барои гурӯҳҳои осебпазир равона шудаанд.
Дар семинар иштирокчиён Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва дигар санадҳоро баррасӣ намуданд. Ғайр аз ин, иштирокчиён бо маълумоти оморӣ оид ба шуғли шахсони дорои маъюбият ва дигар гурӯҳҳои осебпазир шинос шуда, муҳокима карданд, ки кадом усулҳои расонидани маълумот барои фарогирии васеи аҳолӣ беҳтаринанд ва якчанд усулҳои баргузории маъракаҳои иттилоотиро пешниҳод намуданд.
Ин чорабинӣ бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир дар Тоҷикистон (UK in Tajikistan) дар доираи барномаи “Идоракунии Самаранок баҳри Рушди Иқтисодӣ” (#EGED), ки аз ҷониби #Acted дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад, баргузор гардид.






